Самбочиёни мо аз Ҷоми ҷаҳон бо медалҳо баргаштанд

Ҷоми ҷаҳонии самбо байни калонсолон ва занон дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд.

Ба ғайр аз мизбонон, беш аз 130 варзишгар аз 14 кишвар, аз ҷумла Арманистон, Беларуссия, Молдова, Руминия, Сербия, Хорватия, Венесуэла, Чин, Баҳрайн, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои пирӯзӣ мубориза бурданд. Дар байни онҳо 13 иштирокчии ҷамоаи мунтахаби Ӯзбекистон низ буданд.

Ҷолиби диққат аст, ки дастаи 13-нафараи мо дар Ҷоми Ҷаҳон 12 медал ба даст оварданд. 3 нафари онҳо медали тилло, 8 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ (бронза) мебошанд.

Самбочиёни мо Давлатҷон Ҳамроев (-62 кг), Сарбон Эрназаров (-74 кг) ва самбои муҳориба Дилшод Гадоев (-57 кг) дар вазнҳои худ медалҳои тиллоро ба даст оварданд. Феруз Файзуллоев (-62 кг), Улуғбек Раҳмонов (-82 кг), Неъмат Ёқубов (-90 кг), Лутфулла Сайдаматов (-57 кг), Фурқат Розиев (-82 кг), Эралӣ Абраев (-90 кг) ва Ҳакимҷон Исмоилов (+100 кг) нуқра, Суннат Абдумаҷидов (-82 кг) медали биринҷиро ба даст овард.

Дар байни занон Ибодатхон Оғаҷонова (-60 кг) нуқра, ҳамсафонаш Мушарраф Ибодуллоева (-48 кг) ва Дилноза Зиёева (-52 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби даставӣ, аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон пас аз мизбон — Русия, дар байни ҳам мардон ва ҳам занон, ҷои 2-юмро гирифтанд.

Варзишгарон пас аз мусобиқа дар масири Маскав — Тошканд ба фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов омаданд. Онҳоро намояндагони Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Федератсияи самбои Ӯзбекистон, оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ва вакилони ахбори оммавӣ пешвоз гирифтанд.

Бояд таъкид намуд, ки Дилшод Гадоев як аз соҳибони медали тиллои ин Ҷоми Ҷаҳон сокини маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд мебошад.

Барои маълумот: Ҷоми ҷаҳон ба хотираи асосгузори самбо Харлампиев Анатолий Аркадевич бахшида шуда буд.

Ҷавҳар Ҷабборов
Зоҳир Ҳасанзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ