Роналдо: «Ман футболро дар варзишгоҳҳои холӣ дӯст намедорам»

Ҳамлагари Ювентус Криштиану Роналду аз он норозист, ки нимаи дуюми соли 2020 дар варзишгоҳҳои холӣ баргузор шуд.

«Рости гап, дар стадионҳои холӣ бозӣ кардан хеле дилгиркунанда аст» гуфт Роналдо дар ҷоизаи Globe Soccer Awards. -Ман ҳамаи протоколҳоро эҳтиром мекунам, зеро саломатии инсон дар ҷои аввал меистад, аммо ба ман ин то ҳол маъқул нест. Ман қоидаҳоро риоя мекунам, зеро ҳар як бозигарро дӯст медорам. Ман барои оилаҳо, кӯдакон, мухлисон бозӣ мекунам, аммо дар ин гуна стадионҳо футбол бозӣ кардан осон нест. Ман доду фарёди мухлисонро дӯст медорам, ки ин ба ман ангезаи иловагӣ медиҳад. «Умедворем, ки соли 2021 қоидаҳо тағир меёбанд ва мо стадионҳоро дубора пур мебинем, зеро бозӣ, бидуни мухлис шавқовар нест.»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ