Дар як мошини неруҳои амниятӣ дар Кобул таркиш рух дод

Полиси Кобул имрӯз (душанбеи 28 декабр) хабар додааст, ки дар як мошини «Ранҷровер»-и неруҳои амниятӣ дар ноҳияи чаҳоруми Кобул тақрибан соати 07:50 таркиш рух додааст, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии Афғонистон TOLOnews.
Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромарз қайд кард, ки дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст.
Аммо шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки аз ду то се нафар маҷрӯҳ шуданд.
То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.
Тибқи гузориши TOLOnews, танҳо дар даҳ рӯзи охир дар рӯйдодҳои зидди амниятӣ дар пойтахт 23 нафар кушта ва 72 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Омор нишон медиҳанд, ки дар ин муддат 15 ҳодисаи зидди амниятӣ, аз ҷумла ҳамлаи интиҳорӣ, таркиши мошини бомбгузоришуда, таркиши минаи магнитӣ ва кушторҳои ҳадафнок рух додаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ