Корманди корҳои дохилӣ, дар ҳолати мастӣ тартиби ҷамоатиро вайрон кард, барканор шуд


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои корманди масти корҳои дохилӣ, ки тартиби ҷамоатиро вайрон кард, паҳн шуд. Бино ба хабари маркази матбуотии вазорати корҳои дохилӣ ин корманд аз кор барканор гардидааст.
Корманде, ки “қаҳрамон”-и видео аст, дар либоси корӣ ба тартиби ҷамоатӣ риоя намекунад ва талабҳои меъёрии вазорати корҳои дохилиро вайрон мекунад.
Дар хабар чунин гуфта шудааст, “Барои рехтани шаъни корманди ниҳоди корҳои дохилӣ ва сабаб шудан ба пайдошавии фикри манфӣ дар шаҳрвандон нисбати кормандон ӯ барканор шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ