Созмони милали муттаҳид: Ҳаҷми экспорт аз Осиёи Марказӣ 24 дарсад коҳиш ёфт


Соли 2020 ҳаҷми содироти маҳсулот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 24 дарсад кам шуд. Бино ба иттилои маркази ахбори Созмони милали муттаҳид, ҳаҷми экспорти умумии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором 1,9 дарсад коҳиш ёфт, вазъияти тиҷоратии дигар минтақаҳои ҷаҳон бадтар аз ин аст.
Бар асоси маълумоти комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси Ороми СММ, дар соли ҷорӣ гардиши молии ҷаҳонӣ имсол 14,5 дарсад коҳиш ёфт.
Дар зимн, вазъият дар ҳар кишвари Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Орум гуногун аст. Масалан, ҳаҷми содироту воридоти кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубии Ғарб хеле кам шуд.
Дар кишварҳои Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ ҳаҷми содирот шадидан коҳиш ёфт. Ба далели арзон шудани нархи нафт содироти ин кишварҳо хеле кам шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ