Шавкат Мирзиёев рӯзи 29 декабр ба порлумон муроҷиат мекунад


Муроҷиатномаи ҳамасолаи раисҷумҳури Ӯзбекистон ба порлумони кишвар ҳодисаи муҳимми сиёсии кишвар аст. Дар муроҷиатномаи раисҷумҳур натиҷаҳои соли сипаришаванда ва мақсаду вазифаҳои соли оянда эълон мегардад. Ба ин далел, ҷомеаи кишвар онро ҳар сол бо шавқ мунтазир мешавад.
Имсол Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 29 декабр дар соати 11.00 ба Олий Маҷлис муроҷиат мекунад.
Ин бор низ роҳбари кишвар таклифҳои навро пешниҳод хоҳад кард.
Ин маъракаи сиёсӣ дар Маркази конгресси байналмилалии Тошканд барпо мешавад. Дар тадбир аъзои Сенат, намояндагони Маҷлиси қонунгузорӣ, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеа иштирок мекунанд.
Муроҷиати раисҷумҳур дар 15 шабакаи телевизионӣ мустақиман пахш мегардад. Сайти расмӣ ва сафҳаҳои шабакаи иҷтимоии раисҷумҳур ин тадбирро онлайн бозтоб хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ