Эрон дар Ироқ нерӯҳои мусаллаҳ ва мушакҳои худро ҷойгир кард


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар пасзаминаи (фон) низоъ бо ИМА дар Ироқ нерӯҳои мусаллаҳ ва мушакҳои худро ҷойгир кард. Дар ин бора Лента.ру ба нақл аз рӯзномаи Al Qabas хабар медиҳад.
Бино ба навиштаи рӯзнома, Эрон аслиҳаи худро дар ӯрдугӯҳҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ироқӣ ҷойгир кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Сипоҳ метавонад дар ҳафтаҳои оянда ба чандин нишони худ дар минтақа ҳамла кунад. Эҳтимолан, ин баъди аз мақоми раисҷумҳурӣ рафтани Доналд Трамп анҷом хоҳад ёфт. Рӯзнома барои қатли олими эронӣ Муҳсин Фахризода қасос гирифтани Теҳронро мумкин меҳисобад.
Муҳаммад Ҳиҷозӣ, муовини фармондеҳи дастаи Сипоҳ рӯзи 26 декабр гуфта буд, ки қасос барои қатли генерал Қосим Сулаймонӣ ҳанӯз аз масъалаҳои муҳимми рӯз мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ