Дар 2 соли оянда ҳаракати қатораҳои нави болосуръат роҳандозӣ мешавад


Дар ду соли оянда ҳаракати 2 қатораи нави болосуръат роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора раисҷумҳури Ӯзбекистон дар муроҷиатномаи худ ба порлумон маълум кард.
Ҳамчунин, соли оянда барқисозии роҳи оҳани “Бухоро-Урганч-Хива” анҷом меёбад.
Илова бар ин , дар ин муддат дар миёни ноҳияву деҳаҳо ҳаракати мунтазами автобусҳо ба роҳ андохта мешавад. Барои амалисозии ин иқдом бахши хусусӣ ҷалб мегардад.
Аз 1 марти соли оянда барои роҳандозии парвозҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ системаи пардохти як қисми нархи билетҳои парвоз ҷорӣ хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ