Заминларзаи паиҳам дар Хорватия


Ду рӯз паиҳам дар Хорватия заминларзаи шадид рух дод. Шиддати заминларзаи рӯзи гузашта дар ин кишвар 5,2 дараҷа буд. Имрӯз шиддати заминларза хеле қавитар – 6,3 дараҷа буд.
Бино ба хабари Евронюз, маркази заминларза дар ҳар ду ҳолат шаҳри Петриня буд. Ин шаҳр дар фосилаи 46 километр то пойтахт – Загреб ҷойгир аст. Ин заминларза дар кишварҳои ҳамсоя – Венгрия, Австрия Италия ва Словения низ эҳсос шудааст. Дар Словения ҳатто кори нерӯгоҳи атомии “Кршко”-ро муваққатан қатъ карданд.
Дар натиҷаи заминларза дар Петриня биноҳои зиёд, аз ҷумла, бемористони маҳаллӣ ва кӯдакистон осеб дидаанд. Як кӯдак қурбони ин офат шудааст.
Ҳоло нерӯҳои мусаллаҳи кишвар барои аз байн бурдани пайомади заминларза сафарбар шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ