25 зиндони Ӯзбекистон баста мешавад


Дар Ӯзбекистон 25 зиндон тадриҷан баста мешавад. Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар муроҷиатномаи худ ба порлумон таъкид кард.
Ба гуфтаи Мирзиёев, акнун дар Ӯзбекистон бештар ба ҷорӣ кардани назорати озмоишӣ таваҷҷӯҳ хоҳанд кард. Аз ҷумла, агар шарти ҳабси маҳкумро содатар мекунанд, дар ин сурат ӯро ба назорати озмоишӣ мефиристанд. Аммо ин ҳолат вақте мумкин аст, ки дар мавриди маҳкум бори аввал парвандаи ҷиноӣ боз шуда бошад.
Дар натиҷаи ин 6 ҳазор нафар метавонанд дар хонаи худ зери назорати маҳалла бошанд. Ҳамчунин, барои содатар кардани ҷазо ва бо шарт озод кардани маҳкум комиссияи махсус эҷод мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ