Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи коронвирус

Коронавирус ба бемории таҳҷоӣ табдил мешавад, мегӯяд коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, профессор Дэвид Хейманн.

Ин маънои онро дорад, ки COVID — 19 ба бемории барои маҳалле хос табдил меёбад. Ба чунин бемориҳои сироятӣ аз ҷумла вараҷа дар Африқо ва халерия дар Ҳиндустон дохил мешаванд.

Ба гуфти коршинос, мутатсияи коронавирус дар кишварҳое ба вуҷуд меояд, ки сироят тезтар паҳн мешавад. Дар баробари ин, ба гуфти профессор инсоният дар сурати саломатии хуб ва дастгоҳҳои алайҳи сироятӣ метавонад бар вабо пирӯз шавад. Ин ба мардум даст медиҳад, ки бо коронавирус ҳам чун бо дигар навъи бемориҳо ба сар баранд.

Коршиноси дигари СҶБ Марк Райан низ бо фикри ҳамкораш розӣ аст.

«Сенарияи эҳтимолӣ ин аст, ки вирус эндемикӣ мешавад ва як навъи таҳдиде боқӣ хоҳад монд. Аммо таҳдиди кам дар доираи барномаи эмгузаронии ҷаҳонӣ хоҳад буд», — гуфт Райан.
Ба гуфтаи ӯ, мавҷудияти ваксина ба нобудшавии пурраи коронавирус кафолат дода наметавонад. Коршинос қайд кард, ки «ин як сатри хеле баланд аст, то онро бартараф кардан мумкин аст».

Вай афзуд, дарси асосие, ки инсоният бояд аз пандемия бигирад — талошҳои муштарак аст.

«Мо бояд онҳоеро, ки аз даст додаем, эҳтиром намоем, то дар корҳои ҳаррӯзаамон беҳтар шавем» гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар ҷаҳон беш аз 81 миллион сирояти коронавирус сабт шудааст. Дар миёнаҳои моҳи декабр дар Бритониёи Кабир як намуди нави мутатсияи COVID-19 муайян карда шуд, ки 70% тезтар сироят мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ