Журналистҳо бо шароитҳои боғчаҳо шинос гардиданд

Рӯзи 30-юми декабр бо ташаббуси Садорати таълими томактабии вилоят дар мавзӯи «Ташкилотҳои таълими томактабии ноҳияи Иштихон: дирӯз ва имрӯз» пресс-тур ташкил гардид. Иштирокдорони тадбир-вакилони воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ бо шароитҳои Ташкилоти таълими томактабии нодавлатии дар асоси шарикии давлатию хусусии «Доно-Солиҳа», Ташкилоти таълими томактабии нодавлатии оилавии ба номи «Асалча» ва Ташкилоти таълими томактабии давлатии рақами 9 -и ноҳияи Иштихон шинос шуданд. Мутахассисони соҳа, роҳбарони ташкилотҳои таълими томактабии номбурда ба иштирокдорон доир ба фаъолияти боғчаҳо маълумот доданд. Дар ин боғчаҳои замонавӣ барои тарбиягирандагони хурдсол тамоми шароитҳо муҳайё аст. Журналистҳо аз тадбир бо таассуроти баланд баргаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ