Британия ваксинаи AstraZeneca-ро қабул кард


Британияи Кабир нахустин кишвари ҷаҳон шуд, ки барои эмкунии аҳолӣ ваксинаи зидди коронавируси AstraZeneca-ро ба сурати расмӣ қабул мекунад. Дар ин бора Sky News хабар дод.
Ширкати AstraZeneca-и Шветсия ваксинаи зидди коронавирусро бо ҳамкории донишгоҳи Оксфорд сохтааст.
Ҳукумати Борис Ҷонсон чанде пеш ваксинаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро барои эмкунӣ пазируфта буд. То ҳол садҳо ҳазор нафар британияӣ бо ин ваксина эм шуданд.
Ваксинаи Oxford — AstraZeneca нисбат ба дигар ваксинаҳои Аврупои Ғарбӣ ва ИМА хеле арзонтар аст. Аммо дар озмоишҳо натиҷаҳои ваксина гуногун буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ