Аз 1 феврал музди кормандони будҷаӣ ва стипендияи донишҷӯён зиёд мешавад


Қарори раисҷумҳури Ӯзбекистон “Дар бораи таъмини иҷрои қонуни “Дар бораи будҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қабул шуд.
Бо ин қарор аз 1 феврали соли ҷорӣ музди кормандони будҷаӣ ва стипенияи донишҷӯён 1,1 дарсад афзоиш меёбад.
Аз 1 феврали соли 2021 дар Ӯзбекистон:
• камтарин миқдори пардохти музди кор дар як моҳ 747 300 сўм;
• миқдори ҳисоби базавӣ – 245 000 сўм муайян шуд.
Миқдори нафақапулиҳо ва кӯмакпулиҳо бар асоси ин иловаи ин қарор муайян мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ