Русия дубора ба воридоти меваҳои хушки вилояти Фарғона иҷозат дод


Хадамоти федералии назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия аз 1 январ дубора ба воридоти меваҳои хушк аз вилояти Фарғона иҷозат дод.
Дар ин бора сайти хадамоти мазкур хабар дод.
Музокираҳои дуҷонибаи Хадамот назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия ва Инспексияи давлатии карантини растаниҳои Ӯзбекистон боиси бекор кардани мамнӯъияти воридоти меваҳои хушки Фарғона ба Русия шуд.
Акнун дар гувоҳиномаи фитосанитарии ширкатҳо дар бораи истеҳсолкунандагон маълумот додан маҷбурӣ мегардад.
Чанде пеш “Россельхознадзор” аз 1 январ ба 34 ширкати Ӯзбекистон барои содироти помидор ба Русия иҷозат дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ