Ангела Меркел ваксинаи зидди коронавирусро “Рамзи умед”-и соли 2021 номид


Ангела Меркел, канслери Олмон ваксинаи зидди коронавирусро “Рамзи умед”-и соли 2021 гуфт.
Ба гуфтаи Меркел, дар ҷараёни ваксиназанӣ дар Олмон аксарият иштирок мекунанд ва ӯ низ вақти расидани худ ваксина хоҳад гирифт.
Меркел гуфт, “Ин ҷараёни тадриҷӣ аст. Аввал шахсони синни маълум ва кормандони соҳаҳои муайянро эм мекунанд, дар охир хоҳишмандон”.
Ҳамчунин, ӯ ваксинаи зидди коронавирусро рамзи соли 2021 номид.
Ёдовар мешавем, то ҳол дар Олмон беш аз 1,69 миллион нафар мубталои коронавирус ва беш аз 32 260 ҳазор нафар қурбони он шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ