Австралия мадҳияи худро ба эҳтироми сокинони бумӣ таҳрир кард


Ҳукумати Австралия қарор кард то барои риоя ба эҳтироми сокинони бумии худ мадҳияи кишварро таҳрир кунад. Дар ин бора Скотт Моррисон, сарвазири Австралия дар суханронии худ дар шабакаи телевизионии АВС эълон кард.
Аз 1 январи соли 2021 мисраи дувуми мадҳияи давлатии Австралия, ки “Зеро, мо ҷавон ва озод ҳастем” аст, бо мисраи “Зеро мо муттаҳид ва озод ҳастем” иваз мешавад. Ба гуфтаи сарвазир, ин таҳрир ба хотири тамоми мардуми Австралия анҷом ёфт.
Ӯ гуфт, “Ҳарчанд, ки шояд Австралия ҳамчун миллат нисбатан ҷавон аст, вале, таърихи кишвари мо мисли таърихи бисёре аз қавмҳои бумӣ қадимӣ аст. Мунъакис шудани ин ҳақиқат ва эътирофи умумии мо дар мадҳия дуруст хоҳад буд”.
Мадҳияи Австралия соли 1984 қабул шудааст. Питер Доддс Маккормик муаллифи мадҳия мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ