Дар Туркия штамми «британиявӣ»-и коронавирус дар 15 нафар ошкор шудааст

Штамми «бритониёӣ» -и коронавирус дар 15 нафар шаҳрванди Туркия тасдиқ шудааст. Вазири тандурустии кишвар Фахриддин Кӯҷе дар ин бора дар сафҳаи Твиттери худ хабар додааст.

Роҳбари Вазорати тандурустӣ илова кард, ки вуруд аз Бритониё ба Туркия қатъ карда шудааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки онҳое, ки ба Туркия ворид мешаванд, талаб карда мешуданд, ки натиҷаи санҷиши манфии коронавирусро пешниҳод кунанд.

Мувофиқи маълумоти Департаменти давлатии тандурустӣ, дар Флорида низ навъи нав муайян карда шудааст. «Далелҳо дар бораи аввалин парвандаи зукоми бритониёии COVID-19 дар округи Мартин мавҷуданд», — омадааст дар хабарнома. Гуфта мешавад, ки марди сироятёфтаи вирус дар вақтҳои охир сайр накардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ