Абдуллозода: Дар бемористонҳои Тоҷикистон ягон нафар гирифтори коронавирус намонд


Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири ҳифзи тандурустии Тоҷикистон маълум кард, ки дар бемористонҳои кишвар ягон нафари мубтало ба коронавирус намондааст. Дар ин бора “Asia plus” хабард дод.
Ба гуфтаи Абдуллозода, рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Бино ба маълумоти вазорати ҳифзи тандурустии Тоҷикистон, то поёни соли 2020 шумори мубталоёни коронавирус дар кишвар ба 13 296 нафар расид. 97 дарсади мубталоён шифо ёфтаанд ва 90 нафари дигар фавтидаанд.
Абдуллозода афзуд, ки ҳоло 312 нафар бемор дар хонаҳои худ муолиҷа мешаванд.
Ӯ гуфт, “Тадбирҳои солинавӣ бекор шуданд, ҳаракати нақлиёти умумӣ, парвозҳои мунтазам қатъ гардиданд. Дар муассисаҳои таҳсилотӣ ва фарҳангӣ чораҳои эҳтиётӣ афзоиш ёфтанд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ