Парвозҳои миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз 5 январ барқарор мешавад


Ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз 5 январ парвозҳои миёни ду кишварро барқарор мекунанд. Дар ин бора агентии “Новости” ба нақл аз намояндагии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон хабар дод.
Рӯзи 5 январ ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways парвози аввалини даври пандемияро дар миёни шаҳрҳои Тошканд ва Душанбе анҷом медиҳад.
Ҳавопаймо соати 10.30 дар Душанбе фурӯд меояд ва соати 13.00 дубора ба Тошканд мерасад. Билети парвозҳо дар кассаҳои Uzbekistan Airways фурӯхта мешаванд.
Шумори парвозҳои ҳафтаӣ вобаста ба рафтуои мусофирон хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки ҳангоми убур аз сарҳади Ӯзбекистон бояд тест барои ташхиси антигени коронавирус супурд, ки нархи он 10 доллар мебошад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 16 марти соли гузашта парвозҳо дар миёни Душанбе ва Тошканд қатъ шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ