Роналду – аввалин касе, ки дар инстаграм 250 миллион нафар обуначӣ дорад


Криштиану Роналду, футболбози машҳури ҷаҳон, ҳуҷумгари ҷамоаи “Ювентус”-и Италия дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ яккатоз аст.
Шумори обуначиёни Роналду дар Инстаграм ба 250 миллион нафар расид. То ҳол касе дар Инстаграм ба ин натиҷаи рекордӣ даст наёфтааст.
Ариана Гранде, хонандаи шинохтаи амрикоӣ, ки 214 миллион нафар обуначӣ дорад, баъди Роналду дувум мебошад.
Ҳунарпеша Дуэйн Ҷонсон бо 209 миллион нафар ва модел Кайли Ҷеннер бо 207 миллион нафар обуначӣ дар паллаҳои баъдӣ қарор доранд.
Лионел Месси, сардори “Барселона” 175 миллион нафар ва Неймар, ситораи “ПСҶ” 144 миллион нафар обуначӣ дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ