Арабистони Саъудӣ сарҳадҳои худро дубора ба хориҷиён боз кард


Ҳукумати Арабистони Саъудӣ рӯзи 21 декабр ба далели кашф шудани штамми нави коронавирус дар Британияи Кабир воридшавии хориҷиёнро ба кишвар манъ карда буд. Бино ба хабари SPA, Арабистони Саъудӣ ҳоло сарҳадҳои худро дубора боз кард.
Гуфта мешавад, ки хориҷиён бо як шарт метавонанд ба Арабистони Саъудӣ дохил шаванд: онҳо дар кишварҳое, ки штамми нави коронавирус паҳн шуд, набояд беш аз 2 ҳафтаро сипарӣ карда бошанд. Ҳамчунин, хориҷиён тести манфии ташхиси коронавирусро тақдим кунанд ва вобаста ба кишваре, ки бори охир дар он буданд, аз 3 то 14 рӯзро дар карантин сипарӣ кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ