Маҳдудияти суръати ҳаракати автомобилҳо дар Брюссел барои амният ва оромӣ


Дар пойтахти Белгия аз оғози соли нав суръати ҳаракати автомобилҳоро ба 30 километр/соат маҳдуд карданд. Танҳо дар чанд кӯчаи калон, трамвай ва автомобилҳои коммуналиву хадамоти наҷотдиҳӣ суръати баландтар мумкин аст.
Ташаббускорон мегӯянд, ки аз 50 то 30 км/соат маҳдуд кардани суръати ҳаракат амнияти ронандаву пиёдаҳоро чанд баробар бештар мекунад.
Чанд сол пеш ин ташаббус дар ноҳии Схарбек озмоиш шуда буд. Ҳокимияти маҳаллӣ аз натиҷаҳо мамнунанд. Бино ба маълумоти пулис, дар 2 соли охир дар Схарбек осеб дидан дар садамаҳо 12 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ҳокимияти Брюссел чандин сол дар пайи ҷорӣ кардани чунин иқдом буданд. Брюссел яке аз шаҳрҳои серҳаракати автомобилҳо дар Аврупо мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ