Дар Тоҷикистон се рӯз паиҳам ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуд


Дар се шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуд. Дар ин бора вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод.
Дар хабар чунин гуфта мешавад, “Дар рӯзҳои гузашта дар кишвар ягон мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашуд. Шумори умумии мубталоёни коронавирус то 3 январи соли 2021 13,3 ҳазор нафар аст”.
Рӯзҳои “пок аз коронавирус” дар Тоҷикистон аз 31 декабр оғоз шуд.
Ёдовар мешавем, дар саросари ҷаҳон то ба ҳол беш аз 85 миллион нафар мубалои коронавирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ