Дар Токио шумораи рекордии гирифторони вирус нав карда шуд

Дар оғози ҳафта ҳукумати Ҷопон як шӯрои машваратиро даъват мекунад, то масъалаи ҷорӣ кардани вазъи фавқулоддаро дар Токио ва се вилояти ҳамсоя баррасӣ кунад.
Охири ҳафтаи гузашта раҳбарони музофотҳои Токио, Канагава, Сайтама ва Тиба дар пайи ташдиди вазъи коронавирус дар чаҳор минтақа вазъи фавқулодда талаб карданд.

Аз ҷумла, чанде пеш дар Токио шумораи рекордии гирифторони ин вирус таҷдид карда шуданд.

Коршиносон аз он нигаронанд, ки муассисаҳои тиббии ин минтақаҳо зери фишор қарор хоҳанд гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ