Коронавируси “британияӣ” дар як кишвари дигари Аврупо кашф шуд


Навъи нави коронавирус, ки бо сироят нисбат ба қаблиаш хеле сирояткунандатар аст, дар Кипр низ кашф шуд. Дар ин кишвар 12 нафар мубталои коронавируси “британияӣ” шудаанд.
Бино ба навиштаи рӯзномаи Greek Reporter, ин 12 нафар аз Британияи Кабир ба Кипр омадаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Британияи Кабир дар миёни моҳи декабр дар бораи кашфи навъи нави коронавирус хабар доданд. Ҳоло ин коронавирус дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн шуд.
Баъзе ҳукуматҳо ба далели пешгирии ворид шудани навъи нави коронавирус ба кишварашон робитаҳои ҳавоиро бо Британияи Кабир муваққатан қатъ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ