Дар Португалия як корманди тиббӣ баъди эмкунӣ бо ваксинаи Pfizer/BioNTech фавтид


Як корманди тибби Португалия баъди 2 рӯзе, ки бар зидди коронавирус бо ваксинаи Pfizer/BioNTech эм шуд, ногаҳонӣ фавтид. Дар ин бора Daily Mail хабар дод.
Соня Асеведо, бонуи 41-сол баъди эмкунии рӯзи 30 декабр ягон таъсири манфии ваксинаро эҳсос накардааст. Аммо рӯзи 1 январ ӯ вафот кард. Сабаби марги ӯро баъди натиҷаи баданшикофӣ, ки рӯзи 5, ё 6 январ баргузор мешавад, мушаххас хоҳанд кард.
Абилио Асеведо, падари Соня мегӯяд, “Ман намедонам, ки чӣ шуд. Ба ман ҷавобҳо заруранд. Мехоҳам бидонам, ки сабаби марги духтари ман чӣ буд”.
Ба гуфтаи падар, Соня беморие надошт. Ҳамчунин, кормандони маркази ваксиназанӣ таъкид карданд, ки Соня баъди эмкунӣ шикояте накардааст.
Ёдовар мешавем, Pfizer/BioNTech то ҳол ягона ваксинаест, ки Иттиҳоди Аврупо барои эмкунӣ ба сурати расмӣ пазируфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ