Коронавируси “британияӣ” аз сарҳади Гурҷистон низ убур кард


Навъи нави коронавирус, ки нахуст дар Британияи Кабир пайдо шуда буд, ба Гурҷистон низ расид. Дар ин кишвар як марди 50-сола мубталои он шуд. Ҳоло бемор дар инзиво (изолятсия) қарор дорад.
Бино ба хабари маркази матбуотии маркази миллии назорати бемориҳо ва тандурустӣ, дар аввал се нафар эҳтимолан мубталои коронавируси нав буданд. Аммо баъд маълум шуд, ки танҳо як нафари онҳо мубталои штамми нави коронавирус аст.
То ҳол дар Гурҷистон беш аз 229 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд. Шумори қурбониёни вирус 2 628 нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ