Марказҳои сӯзишвории Ӯзбекистон акнун то соати 15.00 кор мекунанд


Марказҳои сӯзишвории Ӯзбекистон аз 4 январ то соати 15.00 кор мекунанд. Дар ин бора вазорати энергетикаи кишвар хабар дод.
Бар асоси дастури Беҳзод Норматов, муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон, акнун марказҳои сӯзишворӣ аз соати 05.00 то 15.00 кори худро қатъ мекунанд. Ин маҳдудият дар саросари кишвар ҷорӣ мешавад.
Мақсад аз ин қарор таъмин кардани аҳолӣ, биноҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои стратегӣ бо газ дар рӯзҳои қаҳратун мебошад.
Баъди гарм шудани ҳаво ин маҳдудиятҳо бекор мешаванд, ё режими дигар ҷорӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ