Татбиқи ислоҳот таҳти раҳнамоии Президент бешубҳа, некӯаҳволии мардумро дар кишвар ба сатҳи нав мебардорад

Ба Муроҷиатномаи Президент
Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷии дар Ӯзбекистон номнависшуда баҳои баланд медиҳанд.
Сафири Ҳиндустон Маниш Прабҳат:
— Ман нутқи Президенти Ӯзбекистонро бодиққат шунидам. Ва ғояи асосӣ дар Муроҷиатномаи сарвари Ӯзбекистон ислоҳот буд. Ислоҳот дар соҳаи инноватсия, маориф, сиёсати ҷавонон, соҳаи ҳуқуқ, рушди иқтисод, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ аз ҷумлаи онҳост. Татбиқи ин ислоҳот, бешубҳа, некӯаҳволии мардуми кишварро ба сатҳи нав мебардорад.
Тавре ки мебинем, дар тӯли 3-4 соли охир Ӯзбекистон мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври назаррас беҳтар намуд, кишвар узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шуд ва вазъ дар соҳаи озодии ВАО низ дар Ӯзбекистон беҳтар гардид.
Дар бораи муносибатҳои Ҳиндустон ва Ӯзбекистон сухан ронда, ман мехостам саммити онлайнро, ки ба қарибӣ дар байни сарони давлатҳои мо баргузор гардид, қайд намоям, инчунин байни кишварҳоямон барномаи васеи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун мавҷуд аст. Ҳиндустон ҳамеша омода аст ба дӯсти наздики худ Ӯзбекистон дар татбиқи ислоҳоте, ки кишвар ба назди худ гузоштааст, кӯмак кунад.
Сафири Тоҷикистон Содиқ Имомӣ:
— Имрӯз мо шоҳиди Муроҷиатномаи навбатии Президент Шавкат Мирзиёев ба парлумон ва мардуми Ӯзбекистон шудем. Дар он вазифаҳои бузург гузошта шудаанд, натиҷаҳои пешакии соли душвори поёнёбанда ҷамъбаст гардиданд. Пандемия на танҳо ба тамоми ҷаҳон, балки ба минтақаи мо, аз ҷумла Ӯзбекистон низ таъсири бениҳоят калон расонд. Ба ин муносибат вазифаҳои дахлдор гузошта шуда буданд. Аз ҷумла, соли 2021 Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ» эълон карда шуд ва бо ин оид ба таҳкими соҳаи иҷтимоӣ мақсадҳои васеъмиқёс гузошта шуданд.
Эълом шуд, ки ислоҳоти иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани муҳити рақобат, коҳиши ҳиссаи давлат дар иқтисод ва дастгирии бечунучарои соҳибкорӣ идома хоҳад ёфт.
Фасли сиёсати хориҷӣ барои мо таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Идомаи сиёсати амалии конструктивии таҳкими шарикии неки ҳамсоягӣ ва стратегӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳор карда шуд.
Ин, албатта, ба манфиатҳои миллии мо низ ҷавобгӯ аст. Мо аз он манфиатдорем, ки шарикии худро инкишоф диҳем, зеро мо дар як минтақа зиндагӣ мекунем, шароити мо, ҳадафҳо ва мушкилоти шабеҳ дорем.
Умедворам, ки татбиқи ҳама чизи пешбинишуда такягоҳи тағйиротҳои азимеро, ки ҳоло дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, мустаҳкам мекунад ва иқтидори мамлакати бародарии моро боз ҳам афзун мегардонад.
Сафири Украина Микола Дорошенко:
— Ман бори аввал дар чорабинӣ ба муносибати муроҷиати Президенти Ӯзбекистон бо Паём ба палатаҳои парлумон ва мардуми ӯзбек иштирок мекунам ва ин барои ман шарафи олӣ аст. Маърӯзаи хеле таъсирбахш, ки дар он мушкилоти асосие, ки ҳаллашонро интизоранд, нишон дода шудаанд.
Дар воқеъ, ин як барномаи ҷиддии ислоҳсозӣ барои соли 2021 аст. Муҳимаш он аст, ки ҷавонон ва соҳаи маориф ҳамчун яке аз афзалиятҳои соли оянда муайян шуданд. Ман боварӣ дорам, ки ин асосест, ки давлат ба он такя мекунад. Паёме, ки ояндаи Ӯзбекистон аз они насли ҷавон аст, ҳақиқат аст. Дар баробари мушкилоти ҷавонон, Президент дар бораи имкониятҳои таҳсилот, аз ҷумла дар хориҷ ва кишвар, ташкили донишгоҳҳои нав, таҳияи барномаҳои нав ҳарф зад. Боварӣ дорам, ки ин умеди бузурге барои ҷавонон аст, ки пешвои кишвар воқеан онҳоро барои иштирок дар бунёди давлат даъват мекунад.
Фаъол будан хеле хуб аст. Пандемия ба ҳама таъсир расонд. Аз ин лиҳоз, ба ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, такмили системаи ҳифзи саломатии одамон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Инчунин муҳим аст, ки дар баробари маориф ва тандурустӣ ба сиёсати гендерӣ низ диққати махсус дода мешавад. Мо дар бораи нақши занон дар идоракунии давлат шунидем. Ҳамаи ин сатҳи рушди ҷомеаро баланд мебардорад ва ба ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла ҷинси латифи ҷомеа, имкон медиҳад, ки фаъол бошанд.
Албатта, мавзӯи сиёсати хориҷӣ низ маро бетараф гузошта наметавонад. Вазифаҳои муҳим дар соҳаи амният нишон дода шуданд, афзалиятҳое муайян карда шуданд, ки барои давлат муҳиманд.

Дар маҷмӯъ, ман гуфта метавонам, ки ин Муроҷиатнома як лоиҳаи муҳими ислоҳот дар самти «Ӯзбекистони нав» мебошад.
Сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон Ибрагим Жунусов:
– Лаҳзаҳои зерини суханронии Президенти Ӯзбекистон ба ман таассуроти аз ҳама бештар бахшиданд, ки ба назари ман, сазовори таваҷҷӯҳ ва омӯзиши махсус мебошанд.
Аввалан, «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ» эълон шудани соли 2021 қарори хеле муҳим ва дурандешона мебошад. Президент қайд кард, ки маҳз чӣ гуна ҷавононро дидан мехоҳад: соҳибмаълумот, аз ҷиҳати зеҳнӣ рушдкарда ва ба Ватан содиқ. Бузургтарин боигарии давлат инсон аст. Барои нигоҳ доштани ин сарват ба таълим ва тандурустии аҳолӣ диққат додан лозим аст.
Тавре ки сарвари давлат қайд кард, дар Ӯзбекистон як барномаи бузурги дастгирии модару кӯдак таҳия карда мешавад, ки он насли навраси то синни 30-солагиро фаро мегирад. Танҳо далели аз ҳисоби давлат бо маҷмӯи 7 навъи витаминҳо таъмин кардани онҳо аз ҷиддияти дастгирии ба нақша гирифташуда шаҳодат медиҳад.
Дувум, ман ҳамчун вазири собиқи фарҳанг ва сайёҳӣ, Рассоми мардумии Қирғизистон, ғояи дастгирии рушди соҳаи фарҳангро ба ин далел, ки бе маданият давлати оянда вуҷуд надорад, комилан хайрамақдам мегӯям. Дар ин ҷо овардани суханони зерини Искандари Мақдунӣ бамаврид аст: «Агар хоҳед, ки кишвареро бидуни силоҳ ва хун забт кунед, фарҳанги онро нест кунед». Мехостам қайд намоям, ки Президенти Ӯзбекистон ҳамеша ба ҳифзи мероси бойи фарҳангии халқи ӯзбек диққати махсус медиҳад. Имрӯз ӯ қайд кард, ки дар кишвар зиёда аз 7 ҳазор ёдгории меъморӣ мавҷуданд.
Сеюм, ҳавасманд кардани муаллимон барои кор дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст инчунин нишон медиҳад, ки иқтидори мактабҳои деҳот ва баланд бардоштани сифати таълим дар саросари кишвар зиёд карда мешавад.
Чаҳорум, қадамҳои пешниҳодкардаи роҳбари Ӯзбекистон оид ба таҳкими минбаъдаи демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ молики эътибор аст. Ин, пеш аз ҳама, таҳкими озодии сухан – силоҳи асосии демократия мебошад.
Панҷум, ман доир ба масъалаҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, ки дар суханронӣ қайд гардид, дахл накарда наметавонам. Мо хурсандем, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар ҳамчун афзалияти аввалиндараҷа қайд карда шуд. Ташаббуси дар Ӯзбекистон ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо таҷлил шудани санаи 30 июн низ боиси хушнудист.
Суханони Президенти Ӯзбекистон маро хеле мутаассир карданд, ки бо ҳамсоягон муносибати хуб доштан зарур аст. «Дӯсти наздик аз хеши дур беҳтар аст» гуфт ӯ ва мо дар Қирғизистон омодаем, ки ин сиёсати бародарӣ ва ҳамсоягии некро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем.

ИА «Дунё»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ