Доираи фаъолияти ҷамъият васеъ мегардад

Дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Фирдавс қандалот инвест», ки дар ноҳияи Каттақўрғон фаъолият дорад, 6 навъи маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳо, инчунин, таҷҳизоти ошхона барои ресторан ва ошхонаҳо истеҳсол карда мешавад.
– Фаъолияти худро аз пухтани шириниҳо сар кардем, – гуфт идоракунандаи ҷамъият Абдувалӣ Эгамбердиев. – Сипас, доираи фаъолиятро васеъ намуда, аз 10 навъи металли махсусе, ки занг намезанад, истеҳсоли мизҳои кондитерӣ, инчунин, печҳои гуногуни газӣ ва барқиро ба роҳ мондем. Ҳоло дар сехҳои корхона беш аз 30 нафар коргар кор мекунанд. То имрӯз 1 миллиард сӯмина таҷҳизоти ошхона истеҳсол кардем. Маҳсулоти истеҳсолкардаи мо асосан дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад.

Бахтиёр МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ