Равшан МАШАРИПОВ: «Росткорӣ ва адолатпешагӣ – вазифаи аввалиндараҷа»

Беш аз як моҳ аст, ки Равшан Машарипов ҳамчун прокурори вилояти Самарқанд фаъолият мебарад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёди ибратбахшро ба фарҷом расонд. Тавре миёни мардум «Шунидан кай бувад, монанди дидан» мегӯянд, мо бо ҳамин ният роҳи прокуратураро пеш гирифтем.
Назди бинои прокуратура омада, аз набудани панҷараҳои баланду мустаҳками атрофи он ба ҳайрат афтодем. Ёд дорем, замоне барои иҳота кардани иншооти мазкур чанд дарахт решабур ва миллион-­миллион сӯм маблағи давлат сарф шуда, панҷараҳо гузошта буданд. Мардуми корафтода наметавонистанд озод ва бо ихтиёри худ ба ин бино дохил шаванду ба ҳимоягарони ҳуқуқу тартибот муроҷиат кунанд. Посбонони мағруру худписанд корафтодагонро бо баҳонаҳои – «калон нестанд, ба нозири осоиштагӣ ё раиси маҳалла равед, сонӣ биёед» ва дигар гапҳо пеш меронданд.
Ҳоло прокурори вилоят Равшан Мамашарипов ҳар рӯзи ҷумъа корафтодагонро қабул карда, ба арзу шикояти онҳо гӯш медиҳад. Ҳангоми аз мақсади мо огоҳ гаштан инкор кард, ки фурсати мусоҳиба нест.
– Шумо фаҳмед, – бо чеҳраи кушод гуфт Равшан Раҷабович, – шиносоӣ бо Самарқанд то ҳол ба поён нарасидааст, гарчанд дар чанд ноҳия қабули сайёр гузаронида бошем ҳам. Воқеан, дар ин фурсати кӯтоҳи корбарӣ аз он ба тааҷҷуб афтодам, ки дар Самарқанд – зарпечаки киштзори ҷамъият – коррупсия қариб ҳама соҳаро печонда гирифта будааст. Кош рӯзномаи шумо маълумотҳои прокуратураро ба мардум мерасонд. Бигзор, баъзе шахсони худписанд, порахӯр, қонуншикан хулоса бароранд. Ин низ мубориза алайҳи коррупсия аст. Зеро миқдори зарари моддӣ аз коррупсия дар вилоят беш аз 25 миллиард сӯмро ташкил карда, 2249 нафар шахси гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Маълумот барои андеша
Кормандони шӯъбаи ғайрибуҷавии хазинаи нафақаи ноҳияи Тайлоқ 111 миллион сӯм маблағҳои нафақаро ба картаи пластикии худ гузаронида бошанд, ходимони Бонки миллӣ аз ҳисоби амонатгузорҳо 7,7 миллиард сӯм, 607 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 461 евро маблағро аз худ кардаанд, ки нисбат ба онҳо парвардаи ҷиноӣ кушода шуд.
Ходими шӯъбаи «Агробанк» дар Чалак худсарона ба ҳисоби мизоҷон 30 миллион сӯмро ҳамчун қарз гузаронда, сипас устокорона ба пластики худ кӯчондааст. Ба таъбири мардум «Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ, малахак!» шуд.
Гарчанд дар соҳаи сохтмон талаб ба мус­таҳкам кардани интизом ва шаффофият афзуд, лекин шолӣ бекурмак намешудааст. Дар ноҳияи Пайариқ «боғ»-и сохтаи 92 нафар фермер «мева» надод. Гап дар сари он аст, ки онҳо дар 597 гектар майдон ниҳол «парвариш» кардаанд, аммо дар коғаз. Аз сохтакорӣ давлат 2,4 миллиард сӯм зарар дид.
Кормандони идораи «Ермулккадастр»-и ноҳияи Самарқанд низ 161 гектар заминро худсарона ба фурӯш бароварда, ба давлат қариб 60 миллиард сӯм зарар овардаанд. Чунин ҳолатҳои ришватгирӣ байни ходимони корҳои дохилӣ низ ба назар мерасад. Танҳо дар давоми як соли охир ба 31 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.
Рӯзҳои охири соли гузашта барои пешгирии ҷинояткорӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ машварат гузаронида шуд. Дар идомаи чорабинӣ зикр гашт, ки сардори Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Булунғур «пушти ману табари қассоб» гуфта, 85,6 миллион сӯм маблағро аз худ кардааст. Кормандони поликлиникаҳои оилавии рақамҳои 4, 9 ва 10-уми шаҳри Самарқанд барои ғорат кардани 193 миллион сӯм маблағи давлат ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.
Умуман, дар ду соли охир 87 нафар ходими сохтори таълими халқи вилоят курсии сиёҳи судхонаро ғайриихтиёр «зеб» додаанд, ки ба номи мубораки омӯзгорӣ доғ аст.

Муроҷиатнома – ба ҳама вобаста
– Имрӯзҳо тамоми мардуми ҷумҳурияти соҳибистиқлоли мо зери таъсири Муроҷиатномаи Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз ҷумла ходимони прокуратура низ, – иброз дошт Равшан Раҷабович. – Зеро яке аз вазифаҳои таъхирнопазири мо мубориза алайҳи коррупсия аст. Ғайр аз он, саводноккунии ҳуқуқии мардум аҳамияти калон дорад. Донишманде таъкид кардааст, ки дар куҷо қонун пойдор набошад, дар ҳамон ҷо зӯроварӣ, адолат, ришват, аз мансаб истифода бурдан ва дигар гуна иллатҳо авҷ хоҳад гирифт.
– Равшан Раҷабович, аксарият дар овони кӯдакӣ «прокурор мешавам», «милитсия мешавам» гуфта орзу мекунанд…
– Орзуро айб нест. Чанде пеш дар Қасри «Humo Arena» Форуми бузурги ҷавонон баргузор гардид. Президентамон дар он иштирок ва сухан карда, иброз дошт, ки «Ҳар боре, ки ман бо ҷавонон сӯҳбат мекунам, аз ғайрату шуҷоати онҳо нерӯ мегирам, он қалбамро аз шодӣ саршор мегардонад… Мо дар кишварамон кадом ислоҳотеро анҷом диҳем, пеш аз ҳама ба ҷавононе мисли шумо, ба нерӯ ва азми шумо такя мекунем… Боварӣ дорам, ки ҷавонони фидокор ва ватандӯсти мо, ки шумо онҳоро намояндагӣ мекунед, ба раванди таърихии бунёди пойгоҳи нави рушди кишварамон саҳми сазовор хоҳанд гузошт».
Бояд таъкид намуд, ки пас аз прокурор таъин гардиданам чанд нафар ҷавононро на танҳо дар вилоят, инчунин дар ноҳия­ҳо ба кор қабул кардам. Ҳоло анъанаи «устоду шогирд» ҷорист. Охир пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан, некӣ бикунанд, таҷриба бо худ набаранд. Камина бори дигар насиҳати Сарвари давлатамонро такрор мекунам: «Донишро қадр намоед, ба дониш кӯшиш кунед. Ягон лаҳзаро зоеъ нагардонед. Дар ёд дошта бошед, ҷавонӣ – давраи беназири ҳаёт аст!».
– Мӯҳтарам Равшан Раҷабович, сӯҳбати мо дар арафаи рӯзи ходимони прокуратура баргузор мегардад…
– Замоне прокуратура ташкилоти сиёҳкунандаву ҷазодиҳанда буд. Хушбахтона, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аст, ки он ба идораи ҳимоякунандаи қонун ва адолат табдил ёфт. Ҳоло дар ҷойҳо шаҳрвандон ба қабулҳои сайёр омада, доир ба масъалаҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Мо бо ходимони худ дар чорчӯбаи қонун онҳоро ҳимоя мекунем, ёрии беғаразона мерасонем.
Аз имконияти хушбахтона истифода бурда, тамоми кормандони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки росткору ростқавл ва албатта адолатпеша бошем. Ин вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад.

Сӯҳбаторо
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ