Далер НАЗАР: «Сафари эҷодиро ба Самарқанд бо ҷону дил қабул кардам»

Ҳофизи мумтозу нозукадо, ситораи дурахшони эстрадаи навини тоҷик, мутрибу оҳангсоз Далер Назар солҳои сол аст, ки аҳли дилу дидаи мардум мебошад. Гарчанд вай дар муҳити савту суруд миёни ҳамкасбони муосири хеш танҳо нест ва услуби таровати тобишҳои худро аз даст надодааст, ӯро аксари мардуми ҷаҳон мешунаванд ва маҳбуби худ медонанд. Зеро дар таронаҳои Далер Назар рамзи боми ҷаҳон, қуллаҳои баланди сарсафеди зодгоҳаш – Бадахшон, гармҷӯшиҳои эҳсоси ҷавонӣ, дӯстии халқҳо, армони дили ошиқ ва хоссатан фазилатҳои неки инсонӣ тараннум гардида, силсилаи сурудҳоеро, ки сароянда аз эҷодиёти Рӯдакӣ, Ҳилолӣ, Хоҷа Ҳофиз, Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирони мумтозу муосир сурудааст, бо гузашти айём бештар қадр пайдо карда, дар ҳама ҷо муаррифгари ҳофизанд. Самарқандиён низ Далер Назарро мисли миллион-­миллион ҳаводоронаш дӯст медоранд.
Дар арафаи иди Соли нав яке аз мухлисони санъаткор аз сафари ҳунарии Далер Назар мужда дода гуфт, ки ҳоло вай дар меҳмонхонаи «Hotel Azus» аст. Он вақт чун муҳассилин хурсандии ин ҷониб интиҳо надошт. Зуд ба зиёрати ҳофизи шӯҳратманд рафтам.
Мӯйи мошу биринҷ, риши сафедаш ба чеҳраи нурониаш мезебид. Мо сари сӯҳбати самимона, дилнишин аз саломатӣ, кайфият, сафару саёҳат ба кишварҳои ҷаҳон пурсон шудем. Далер Назар бо табассуми базеб ва лутфи ба худ хос арзи сипос намуд.
– Ин дафъа, – гуфт мусоҳибам, – як суруди ӯзбекӣ низ хоҳам хонд, ки эҳтироми ман ба ин халқи ҳамдил, ҳамсоя, ки дӯстии онҳо аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ сарчашма гирифтааст, тараннум кардан мебошад. Ҳангоме таклифи сафари эҷодӣ ба Самарқанд пеш омад, бо ҷону дил қабул кардам. Охир, пазмони дӯстон ҳас­там. Аз фурсат истифода бурда, ба ду абармарди башардӯст – Президентҳои ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос мекунам, ки маҳз бо ташаббуси эшон дару дарвозаҳо кушода шуду мо ба дидор расидем. Тасаввур кунед, ки мо қариб бист сол аз ҳам ҷудо, пазмони Самарқанду Бухорои Шариф будем.
– Савту суруди шумо ҳамеша бо мост. Тавассути интернет, тасмаи магнитӣ, дискҳо сурудҳои шуморо мешунавем. Ва боз як падидаеро бояд гӯем, ки дар аксари оилаҳо волидон аз ҳаводори Шумо будан, ба дилбанди худ номи Далерро интихоб кардаанд.
– Ташаккур. Воқеан, ман хоҳ дар Боми ҷаҳон бошам, хоҳ дар Душанбешаҳр, Остона ё Маскав ба сӯи шаҳри ниёгон, умеду орзуҳо – Самарқанди бостонӣ, ёдгориҳои меъмории Регис­тон, Бибихонум, расадхонаи Мирзо Улуғбек менигарам. Имрӯз дидам ва шоҳид гаштам, ки бо роҳнамоии масъ­улони оқилу кордон шаҳри куҳану ҳамешаҷавон ободтару шукуфотар гардида, биноҳои осмонбӯс қомат меафрозанд, боғу гулгаштҳои нав пайдо мешаванд. Бесабаб нагуфтаанд, ки сайқали дунё Самарқанд аст!
Боз як гап. Дар ин ҷо Левича, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов барин ҳунармандон, устоди маънавии санъаткорон ба камол расидаанд. Ҳоло сарояндагон Абрам Толмасов, Асадулло Атоуллоҳ, Мардони Мавлон, Насиба Абдуллоева, Сафия Сафтарӣ ва дигарон пайрави онҳо мебошанд, ки бо ҳамаи онҳо дӯсту ҳамкорам.
– Дар ҳақиқат, бисёр санъаткорони ҷавону умедбахш шуморо устоди худ медонанд.
– Сипос. Аммо насиҳату маслиҳати ман ба онҳо, – таъкид намуд Далер Назар, – ҳар як ҳофиз бояд пайроҳаи худро дошта бошад. Пайравӣ хуб, вале тақлидкорӣ мисли тӯтӣ бад аст ва ин гурӯҳи санъаткорон зуд аз байн мераванд, фаромӯш мешаванд. Фақат ба туфайли ҷидду ҷаҳди доимӣ, меҳнати пурмашаққат, ҷустуҷӯ, навоварӣ ба муроди дил метавон расид. Сирру асрори комёбии рӯзафзун ҳамин асту халос. Мардуми мо аз қадимулайём ҳам шоир буданду ҳам мутриб. Масалан, Рӯдакии Самарқандӣ, Мирзо Бедил далели ин фикранд. Фақат ҳамон мутрибу ҳофизон, ки завқи баланд доранду талаботи мухлисонро пурра қонеъ карда метавонанд, эътирофу эҳтиром пайдо карда, дар таърихи фарҳанги мо чун Борбад ҷовидон хоҳанд монд. Ҷавонон набояд фаромӯш кунанд, ки танҳо ҳофизи моҳиру барҷаста, меҳнатдӯст, навовар шоистаи ҳурмату эҳтиром мешавад.
Сӯҳбати мо қаймоқ мебаст, ки нафаре омада хотиррасон кард, то ба консерт тайёрӣ бинанд…
Аҷаб тасодуфе. Ҳамон бегоҳ резаборон мебориду баъзеҳо ашки шодӣ ба хотири меҳмони олиқадр мекарданд. Дар саҳнаи меҳмонхонаи зебову мӯҳташами «Samarkand plaza» бошад, шаби эҷодии ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик, мутрибу оҳангсози даҳҳо кинофилмҳо Далер Назар бо суруди «Чак-­чаки борон» оғоз ёфт. Овози хеле фораму дилнишини ӯ аз лаҳзаҳои аввалин ба торҳои нозуки сомеон роҳ ёфту кайфияту лаззати хуше бахшид ва дар толор кафкӯбӣ ба авҷи аъло расид. Инчунин ҳангоми иҷрои сурудҳои «Азизон», «Биёед»… ва ғайра рақсу бозии санъатписандон авҷ гирифта, аз ғояти шавқу ҳаяҷон баробари овозхон суруд хонда, ба ӯ ҷӯр мешуданд.
Воқеан, ҳунарманд қабл аз иҷро ё баъди ба поён расидани ҳар як суруд ба ҳаводорон сар фуруд оварда, арзи сипос мекард, паёму дуруд мефиристод ва ба маврид доир ба муаллифи матн, оҳангсоз, сафарҳо ба кишварҳои хориҷа қисса мекард, ки ба подош кафкӯбию гулдастаҳо насибаш мегашт.
Мушоҳида кардан душвор набуд, ки Далер Назар на танҳо ҳофизи маҳбуби халқ, инчунин инсони ниҳоят хоксору росткор, дилёбу дарёдил, пурдону бомаърифат ва аз ҳама муҳимаш, рӯҳшиносу рамузфаҳм аст. Шояд ин хислатҳо аз падари бузургвораш шодравон Меҳрубон Назаров, ки солҳои тӯлонӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурияти Тоҷикис­тон буду барои ривоҷу равнақи санъату адабиёт саҳми арзанда гузоштааст, мерос мондааст.
Пайроҳаи Далер Назар дар боғи санъат бо фарозу нишеб ва душвору пурхатар буд. Вале ба таъбири Мирзо Турсунзода гарчанд «дар пеши роҳаш об буду санг буду кӯҳ буд», паси сар кард. Ва хушбахтона, санъати тоҷик­ро боз ҳам маълуму машҳур сохт. Бо дастаи ҳунарии хеш дар тамоми кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, ба хусус Эрон, Афғонистон, Ҳиндус­тон, Хитой ҳунарнамоӣ кард. Зеро, барномаҳои консертии ӯ хеле ғанию пуробуранг буда, аз ҷиҳати мавзӯъ ва ғоя ҷолиби диққатанд.
Бояд гуфт, ки дарди ҳофиз муҳаббати поку беолоиш, лаҳзаҳои пургудозу пуртаҳлукаи ҳиҷрон, ишқи нокому ба муроди дил расидани дилдодагон аст. Ҳангоми иҷрои суруд нолаи ӯ чунон табиист, ки гӯё ошиқи бечора худи вай мебошад.
Барномаи дусоатаи ҳофиз гӯё дар як нафас анҷом ёфт. Ба қавли ҳофиз «Ба як чашм задан сӯҳбати ёр охир шуд». Пас аз поёни шабнишинӣ мухлисон барои хотира аксбардорӣ карданд, дастхат гирифтанд, тӯҳфаҳо супориданд. Мо низ аз фурсат истифода бурда шумораи 1564-уми «Овози Самарқанд»-ро, ки санаи 11-уми октябри соли 2002 чоп гардида, мусоҳиба бо Далер Назар интишор шудааст, тақдим намудем.
– Ман дар бисёр кохҳои баланди мамлакатҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардаам, аммо дар ягон ҷо чун имшаб ҳаяҷон вуҷудамро фаро нагирифта буд, – бо табассуми малеҳ иброз дошт Далер Назар. – Бовар кунед, гарчанд мисли мизбонам, вале Самарқанди қандманд салобати хосса дорад. Имшаб чеҳраҳои шиносро дида, табъам болида гашт.
Ҳангоми хайрухуш ҳунарпеша аз мо хоҳиш намуд, ки тавассути рӯзнома тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо Соли нав табрик гуфта, дар ҳама соҳа комёбиҳо таманно намоем.

Баҳодури ЗОҲИР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ