Барои ҳалли муаммо ваъда медиҳанд, аммо…

Дар мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд вохӯрии намояндаҳои халқ – депутати Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис Абдулло Аслонов, депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят Нарзиқул Холиқов ва депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия Абдуҷаббор Умаров бо интихобчиёни маҳаллаҳои Қозиқӯрғон, Боғитилло, Талибарзуи поён, Талибарзуи боло, Шӯрбоиву Чаман баргузор гашт. Халқи ин маҳаллаҳо дерҳо боз интизори чунин вохӯрӣ буданд. Чунки баъди интихобот як соли расо гузашт.
Ҷамъомадро ҷонишини директор оид ба корҳои маънавиву маърифии мактаб Мурод Маҳдиев кушода, сухани аввалинро ба Абдуҷаббор Умаров дод. Ӯ ба ҳозирон дар хусуси бурду бохти соли 2020, қарорҳои ҳукумат, иҷрои онҳо дар миқёси ноҳия, муаммову норасоиҳои деҳот сухан кард. Депутатҳо А. Аслонов ва Н. Холиқов аз навигариҳое, ки дар вилоят ва ҷумҳурият рух дода истодаанд, маълумот доданд. Сипас, иштирокчиёни вохӯрӣ оиди муаммоҳои маҳаллаву норасоиҳои ҳаёт фикри хешро баён намуданд.
Сокини маҳаллаи Қозиқӯрғон, муаллими нафақахӯр Камол Ӯроқов таъкид намуд, ки сохтмони маркази маҳаллаи Қозиқӯрғон, ки зиёда аз 6 сол боз давом дорад, дасти ёрӣ мехоҳад. Аз тарафи ҳокимият ҳеҷ гуна дастгирӣ нест. Халқи маҳалла аз рӯйи имконият ҳисса гузоштанд. Бо роҳи ҳашар аксари корҳо иҷро гардид. Сохт­мони фарш, шифти бино ва корҳои рангуборӣ иҷро нашудаанд. Ба қавли халқ, бино гӯшти шутур хӯрдааст. Масъалаи таъмин бо мебелҳо низ ҳалли худро интизор аст. Илова бар ин, аҳволи кӯчаҳо хеле бад. Ҳангоми бориш аз кӯча имконияти гузаштан нест. Мактаббачагон барои омадурафт ба мактаб азият мекашанд. Дар маҳалла чоҳи артезианӣ кофта, аҳолиро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намудан зарур аст. Ба иҷрои ин муаммоҳо мутасаддиён мароқ зоҳир намекунанд.
Сокини маҳаллаи Талибарзуи боло Сайфибобо Тошқулов дар бораи иваз намудани симчӯбҳои пӯсидаву ба замин хамшудаи солҳои 60-уми асри гузашта, ки боиси канда шудани симҳои онҳо ва рӯй додани нохушиҳо мешаванд, шикоят намуд. Симчӯбҳои бетонӣ шинонида, кабелҳои нав кашидан ва ҳисобкунакҳои нав шинониданро хоҳиш кард.
Муаллимаи мактаби рақами 43 Саодат Алиева оиди шароити мактаб, нарасидани синфхонаҳо, сохтани бинои иловагӣ, оиди ба фанни забони русӣ, ки талаб зиёд асту соати алоҳида дар ҷадвали таълим ҷудо нашудааст, гап зад. Аз депутати Палатаи қонунофарӣ Абдулло Аслонов хоҳиш намуд, ки ин талаби тамоми омӯзгорони мактабҳоро ба вазорат расонад.
Сокини маҳаллаи Чаман Р. Шарифов оиди ҷалби бачагон ва наврасон ба варзиш, пурзӯр гардондани чорабиниҳои спортӣ дар маҳаллаву мактабҳо, оммавӣ гардонидани спорт сухан намуд. Дар худи маҳаллаи Чаман барои шуғл бо тарбияи ҷисмонӣ ва спорт аз тарафи собиқ ҳокими ноҳия Б. Саъдуллоев соли 2011 0,80 га замин ҷудо карда шуда буд. Бо қувваи халқи маҳалла замин ҳамвор карда шуд. Бо кӯмаки директори корхонаи «Стеклопластик» Ӯктам Саидмуродов (собиқ депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят) дар ду тарафи майдон дарвозаҳо шинониданд. Дар атрофи майдон шамшод шинонида шуд.
Халқи маҳаллаҳои атроф мехоҳанд, ки ин ҷо маҷмӯаи спортӣ шавад ва фарзанду набераҳояшон мувофиқи хоҳишу қобилияташон бо намудҳои гуногуни спорт машғул шаванд. Мураббиҳои пурқувват аз онҳо чемпионҳоро ба воя расонанд.
Бо ҳамин гуна дархостҳо ба ҳокими ноҳияи Самарқанд Н. Мавлонов ва ҳокими вилоят Э. Турдимов, сардори Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва спорти вилоят Ш. Рӯзиев муроҷиат намудаанд. Шӯҳрат Рӯзиев барои ҳал намудани муаммо ваъда дод. Аммо иҷрои он ба назар нарасид.
– Боз ба ҳалли як масъалаи дигар ёрии шуморо мехоҳем, – гуфт Р. Шарифов. – Дар маҳаллаи Шӯрбоӣ Ташкилоти таълими томактабии рақами 8 сохта шуд. Инчунин, барои мактабу маҳалла маҷлисгоҳ (бо китобхонааш) бунёд гардидааст. Инро тадбиркор Бахтиёр Одилов сохтааст. Аз сабаби набудани мебел он ба истифода дода нашудааст.
Хулоса, ҳамаи муаммо ва норасоиҳо, талабу дархости мардуми ҳашт маҳалларо депутатҳо Абдулло Аслонов ва Нарзиқул Холиқов ба дафтарҳои худ қайд карда гирифтанд. Ваъда доданд, ки бо ҳокимон дида мебароянду аз мутасаддиён иҷрои онро талаб мекунанд. Иҷрои корҳои дигарро низ зери назорат мегиранд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ