Режими ҳаракатро ба тартиб оваранд ё ҳаракати нақлиётро?!

Чанд ҳафта пеш мо вақти корравӣ – аз соати 8:30 то 9:30 дақиқа дар истгоҳи «Университет бекати» («Истгоҳи донишгоҳ») хизматрасонии автобусҳоро мушоҳида кардем. Хизматрасонии пагоҳирӯзии автобусҳо қаноатбахш набуд. Баъзе автобусҳо дар давоми як соат ягон бор ба истгоҳ наомаданд ва баъзеашон бошад, мувофиқи ҷадвал кор накарданд.
Ин дафъа қарор додем, ки хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон аз соати 17:30 то соати 18:30, ки аксари одамон дар ин вақт хидмати худро дар корхонаву ташкилотҳои давлатӣ адо карда, ба хонаашон бармегарданд, санҷем.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи ҳаракати автобусҳо, ки дар истгоҳ гузоштаанд, ҳамарӯза бояд автобусҳои 30 хатсайр ҳаракат кунанд. Автобусҳое, ки мо дар мақолаи аввал («Оё режими ҳаракат барои фиреби назари мардум аст?», шумораи 91-уми рӯзномаи «Овози Самарқанд») хизматрасониашонро таъриф карда будем, яъне автобусҳои рақамҳои 3, 6 ва 41 имрӯз ба реҷа чандон риоя накарданд. Автобусҳои рақамҳои 3 ва 41 бояд дар ҳар 10–12 дақиқа аз хиёбон гузаранд, ки ин дар як соат 5–6 бор мешавад. Аммо ин автобусҳо дар давоми як соат 3 бор гузаштанд.
Автобуси рақами 6 бошад монанди аввала фаъол буд ва дар қатори он, автобусҳои рақамҳои 91, 31, 19, 24, 99, 35 низ дар сари вақт ба истгоҳ меомаданд ва фосилаи байни ин хатсайри автобусҳоро нигоҳ медоштанд.
Ҳамчунин, дар давоми як соат бояд 5 автобуси хатсайри рақами 44 бо фосилаи 12- дақиқагӣ ба истгоҳ меомад, аммо ин тавр нашуд. Ҳамагӣ 3 автобуси ин хатсайр ба истгоҳ ҳозир шуданд ва дигар то охири назорати мо аз онҳо нишоне набуд. Автобусҳои рақамҳои 27 ва 9 дар 1 соат ҳамагӣ як бор ба истгоҳ омаданд. Дар ин муддат ин автобусҳо бояд аз 3 то 5 бор аз ин ҷо мегузаштанд.
Дар давоми як соат 4–5 автобуси хатсайри рақамҳои 3, 13, 1, 24 бо фосилаи 12–16-дақиқагӣ бояд ба истгоҳ меомаданд. Ҳамаи онҳо 3 маротибагӣ аз истгоҳ гузаштанд. Ба ҳар ҳол, автобусҳои ин хатсайрҳо дар давоми як соат ҳадди ақал 3–4 бор худро нишон доданд. 11 автобуси дигар дар давоми як соат як маротиба ҳам наомаданд. Дар назорати аввалаи мо дар рӯйхати автобусҳои ба истгоҳ наомадаи рақамҳои 2, 58, 78, 97 ва 122 буданд. Имрӯз низ чунин ҳол ба мушоҳида расид. Автобуси рақамҳои 10, 14, 32, 54, 60, 61, ки вақти адои корашон то соати 20-21 аст, барои чӣ ақаллан як бор ба истгоҳ наомаданд? Мо намедонем, ки ин автобусҳо оё аз ин ҷо мегузаранд ё не? Агар масъулон ин автобусҳоро аз ҷадвал гирифта бошанд, барои чӣ то ҳол дар режими ҳаракат рақами онҳо ҷой доранд?

Фирӯз АБДУМӮЪМИНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ