Раисҷумҳури Арманистон мубталои коронавирус шуд


Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон мубталои коронавирус шуд. Ӯ барои таътили зимистонӣ бо аҳли хонаводааш ба Лондон рафта буд. Дар ин бора рӯзномаи Hraparak навишт.
Дар Лондон пойи Армен Саркисянро ҷарроҳӣ карданд. Аммо, баъди халос шудан аз як дард ба дарди дигар – коронавирус мубтало шуд. Тести ӯ натиҷаи мусбат нишон дод. Ҳоло ӯ дар инзиво қарор дорад.
Саркисян қабл аз раисҷумҳур шуданаш сафири Арманистон дар Лондон буд. Ба ин далел, бархе аз наздикону аҳли хонаводааш ҳанӯз дар Лондон зиндагӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ