Харидорони гилеми Самарқанд дар ҷаҳон зиёд мешавад



Дар ҷаҳон харидорони гилеми Самарқанд рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Бино ба омор (статистика), саҳми маҳсулоти бофандагии корхонаҳои Самарқанд дар экспорт нисбат ба соли гузашта 30,3 дарсад зиёд шудааст.
Дар ин давр дар экспорт саҳми либосҳои бофташуда ва трикотаж 22,6 дарсад, нахи пахта 25 дарсад афзоиш ёфт.
Соли 2019 корхонаҳои вилояти Самарқанд ба арзиши 79,2 миллион доллар маҳсулоти истеҳсол карданд. Ҳаҷми ин маҳсулот баробар бо 26,8 дарсади экспорт аст ва дар муқоиса бо соли гузашта 21,3 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Бино ба хабари маркази матбуотии идораи омори вилояти Самарқанд, дар соли 2019 аз вилоят 101 навъи маҳсулоти бофандагӣ ба 27 кишвари ҷаҳон экспорт шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ