Довталабони ваксиназанӣ бар зидди коронавирус дар Ӯзбекистон наздик ба 1100 нафар шуд


Дар Ӯзбекистон то ҳол 1099 нафар довталаб бар зидди коронавирус бо ваксинаи ЗФ 2001 эм шуданд. Дар ин бора «Халқ сўзи Online» хабар дод.
Гуфта мешавад, ки бархе аз довталабон ба ҷойи ваксина – “плацебо”, яъне моддаи безарар қабул кардаанд.
Рӯзи 4 январ 72 нафар довталаб дар ин ҷараён иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, озмоиши ин ваксина дар Ӯзбекистон рӯзи 10 ноябр оғоз шуд.
Дар саросари ҷаҳон дар ҷараёни озмоиши ваксина 29 000 нафар иштирок мекунанд.
Касоне, ки мехоҳанд дар озмоиши ваксина иштирок кунанд, метавонанд дар ин сайт худро сабтином кунанд:
https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSchjzL-QOnSJ9L7lPkbfTkCCKncOd98S0MeoZ-1N_dmMruEkQ/viewform

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ