Алиев шаҳри Шушаро пойтахти фарҳангии Озарбойҷон эълон кард


Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон шаҳри Шушаи Кӯҳистони Қаробоғро пойтахти фарҳангии кишвар эълон кард.
Алиев дар мулоқот бо Анор Керимов, вазири фарҳанг гуфт, “Ман шаҳри Шушаро пойтахти фарҳангии Озарбойҷон эълон мекунам. Шуша ба ин шоиста аст”.
Ёдовар мешавем, ҷанги Озарбойҷон ва Арманистон барои Кӯҳистони Қаробоғ рӯзи 27 сентябр оғоз шуд. Тарафҳо рӯзи 9 ноябр бо миёнҷигарии Русия дар бораи оташбас тавофуқ карданд. Баёнияи муштараки сулҳро Владимир Путин, Илҳом Алиев ва Никол Пашинян имзо карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ