Ҳукумати Олмон муҳлати карантинро то поёни январ дароз кард


Ҳукумати Олмон муҳлати карантини миллиро, ки рӯзи 16 декабри соли 2020 ҷорӣ шуда буд, то поёни моҳи январ дароз кард. Дар ин бора Ангела Меркел, канслери Олмон баъди нишаст бо раисони замнҳои федералии кишвараш эълон кард.
Дар даври карантин дар баъзе минтақаҳои Олмон, ки вазъияти эпидемиологӣ мураккаб аст, аҳолӣ метавонад ба фосилаи то 15 километр рафтуомад кунанд.
Бо оғози мавҷи дувуми коронавирус дар Олмон дар оғози моҳи ноябр кафе ва рестроанҳо баста шуданд. Аммо ин кофӣ набуд. Дар декабр тақрибан ҳама мағозаҳо, сартарошхонаҳо, музейҳо, театрҳо фаъолияти худро қатъ карданд. Мактабҳо таҳсилро ба тарзи онлайн идома доданд. Нахуст муҳлати поён ёфтани карантинро то 10 январ эълон карда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ