Доираи фаъолияти ҷамъият васеъ мегардад

Дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Фирдавс қандалот инвест”, ки дар ноҳияи Каттақўрғон фаъолият дорад, 6 навъи маҳсулоти қаннодӣ ва ширинвориҳо, инчунин, таҷҳизоти ошхона барои ресторан ва ошхонаҳо истеҳсол карда мешавад.
– Фаъолияти худро аз пухтани ширинвориҳо сар кардем, — мегӯяд идоракунандаи ҷамъият Абдувалӣ Эгамбердиев. – Сипас, доираи фаъолиятиро васеъ намуда, аз 10 навъи метталли махсусе, ки занг намезанад, истеҳсоли столҳои кондитерӣ, инчунин, печҳои гуногуни газӣ ва барқиро ба роҳ мондем. Ҳоло дар сехҳои корхона беш аз 30 нафар коргар кор мекунанд. То имрӯз таҷҳизоти 1 миллиард сӯминаи ошхонаро истеҳсол кардем. Маҳсулоти истеҳсолкардаи мо асосан дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад.

Бахтиёр МУСТАНОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ