Шифокорони афғонистонӣ дар табобати коронавирус таҷрибаи Ӯзбекистонро меомӯзанд

Ба Ӯзбекистон делегатсияи иборат аз 20 нафар ходими масъули Вазорати ҳифзи тандурустии Афғонистон ташриф овард. Бино ба маълумоти хизмати ахбори Вазорати ҳифзи тандурустӣ мақсад аз ташрифи афғонистониҳо ба мутахассисони ин мамлакат омӯзондани таҷрибаи Ӯзбекистон аз рӯйи профилактикаи инфексияи коронавирус, пешгирии паҳншавии вирус, диагностика ва табобат мебошад. Меҳмонон 10 рӯз дар мамлакатамон шуда, дар машғулоти хонишӣ иштирок мекунанд. Машғулотҳо аз ҷониби мутахассисони касбӣ, ки бевосита дар ҷараёни табобати инфексияи коронавирус иштирок карданд, бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ