Дар соли 2021 музди кормандони кадом соҳа афзоиш хоҳад ёфт?


Мутахассисони пойгоҳи «Superjob» афзоиши музди кормандони соҳаҳои гуногунро дар соли нав пешбинӣ карданд.
Бино ба маълумоти онҳо, соли ҷорӣ музди кормандони мутахассисони соҳаҳои IT, дорусозӣ ва тандурустӣ зиёд хоҳад шуд.
Ба гуфтаи мутахассисон, музди соҳаи IT 10-11 дарсад, музди дорусозон 12-14 дарсад ва музди шифокорон 12-15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, соли ҷорӣ бештар шудани талаб ба кормандон дар соҳаҳои хидматрасонӣ, истеҳсол, сохтусоз ва коммуналӣ пешбинӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ