Антирекорди пандемия дар Британияи Кабир


Дар як шабонарӯз дар Британияи Кабир 60,9 ҳазор нафар ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Аз оғози пандемия то ба ҳол ин шумори рекордӣ мебошад. Ин маълумот дар сайти ҳукумати Британияи Кабир эълон шуд.
Антирекорди қаблӣ як рӯз қабл сабт шуд: 58,8 ҳазор нафар ҳолати гирифторӣ ба вирус.
Дар 8 рӯзи охир дар Британия ҳамарӯза беш аз 50 ҳазор нафар мубталои коронавирус мешаванд.
Ёдовар мешавем, Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир рӯзи 5 январ ба далели афзоиши суръати паҳншавии коронавирус ҷорӣ шудани карантини миллиро дар Англия эълон кард.
Дар даври карантин мактабҳо таҳсилро ба таври онлайн идома медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ