Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар Мали тақрибан 100 нафар кушта шуданд


Шаби 4 январ шахсони номаълум бо чархбол ба деҳаи Боунтии ноҳияи Моптии Мали ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин ҳамлаи шабона тақрибан 100 нафар кушта шуданд. Дар ин бора агентии Anadolu хабар дод.
Ба гуфтаи Адама Гриаба, ҳокими ноҳия, барои он, ки ҳамла дар шаб анҷом ёфт, имкони мушаххас кардани ҳамлакунндагон нашуд.
Ӯ афзуд, ки дар натиҷаи ҳамла шахсони бисёр низ захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ноҳияи Мопти дар ҷануб бо Буркина Фасо, дар ғарб бо Мавритания ҳаммарз аст. Дар ин минтақа гурӯҳи «Ҷамоат Нусрат ал-Ислам вал-Муслимин” фаъол аст. Ин гурӯҳ соли 2017 ташкил ёфтааст ва бо гурӯҳи террористии “Ал Қоида” робита дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ