24 соат: шумораи сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон беш аз 683 ҳазор афзуд

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон аз 86,83 миллион нафар зиёд шуда, дар як шабонарӯз беш аз 683 ҳазор афзудааст, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
То соати 10:00 (ба вақти Тошканд) -и 6 январ, дар бораи 86 834 547 ҳолати сироятёбӣ ва 1 875 519 ҳолати фавт хабар дода шудааст. Шумораи сироятёфтагон аз ин беморӣ 683 539 нафар ва фавтидагон — 13 106 нафар афзудааст.
Теъдоди бештари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудааст — 21 578 606. Пас аз он Ҳиндустон (10 375 478), Бразилия (7 812 007), Россия (3 284 384), Британияи Кабир (2 774 479), Франсия (2 680 239), Туркия (2 270 101), Италия (2 181 619), Испания (1 982 544), Германия (1 814 565), Колумбия (1 702 966), Аргентина (1 662 730) ва Мексика (1 466 490) қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ