Трамп рӯзи 20 январ ҳукуматро ба Байден месупорад


Чанд соате пеш Сенат ва Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА дар нишасти муштарак ғалабаи Ҷо Байденро дар интихоботи раисҷумҳурии кишвар, ки рӯзи 3 ноябр баргузор шуд, тасдиқ карданд.
Майк Пенс, муовини раисҷумҳури феълӣ, ки дар ин маҷлис раисӣ кард, гуфт, “Шумори умумии интихобкунандагони раисҷумҳури ИМА 538 нафар аст… Овози интихобкунандагон чунин тақсим шуд: Ҷозеф Байден 306 овоз гирифт. Доналд Трамп 232 овоз дарёфт кард”.
Дар ин маҷлис ба ҷараёни натиҷабандии интихоботи раисҷумҳурӣ нуқта гузошт. Ва ба баҳсҳое дар мавриди кӣ шудани раисҷумҳури ояндаи ИМА хотима бахшид.
Трамп таъкид кард, ки ба натиҷаҳо розӣ нест, вале афзуд, ки дар чорчӯби сарқонун ҳукуматро месупорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ