Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ аз рӯйи коронавирус хабари хуш дод

Штаммаҳои коронавируси дар Британия ва Африкаи Ҷанубӣ аниқгардида ба дараҷаи вазнинии беморӣ таъсир намекунад. Дар ин бора роҳбари гурӯҳи техникии шӯъбаи бемориҳои таъҷилии ТҶҲТ Мария Ван Керкхове маълумот додааст. «Хабари хуш дар ҳамин, ки ҳеҷ яки вариантҳои мазкур ба вазнинтар гузаштани беморӣ сабаб намешавад.» гуфтааст Ван Керкхове. Қайд шудааст, ки штаммаҳои нав паҳншавии вирусро пурқувват карданаш мумкин аст. Аммо ваксинаҳои мавҷуда самаранокии усулҳои даворо инкор намекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ