Пекин сардтарин субҳи 50 соли охирро паси сар кард


Субҳи 7 январ ҳарорати ҳаво дар пойтахти Чин то -19,6 дараҷа поин рафт. Дар 50 соли охир дар Пекин ҳарорати ҳавои субҳ то ин дараҷа сард нашуда буд.
Бино ба хабари агентии Синхуа, дар ноҳияи Дасини Пекин маркази ҳавошиносии миллӣ ҷойгир аст. Ин марказ соли 1912 таъсис ёфтааст. Мутахассисон барои баҳо додан ба ҳарорати ҳаво ба омори баъди соли 1912 муроҷиат мекунанд.
Субҳи 7 январ нисфи марказҳои ҳавошиносии Пекин сардтарин субҳи январро сабт карданд. Сармои шадид рӯзи 6 январ ба Пекин ворид шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ