Дар 3 соли охир дар Ӯзбекистон 185 ҳолати кӯдакфурӯшӣ сабт шуд

Дар солҳои 2017-2020 дар Ӯзбекистон 185 ҳолати фурӯши кӯдак сабт шуд. Дар ин бора Наргиза Ҳоҷибоева, намояндаи идораи тафтишоти вазорати корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кӯдакфурӯшӣ чанд омили асосӣ дорад. Эҳтиёҷҳои моддии модар, кӯшиш барои пинҳон кардани ҳомиладории духтарони издивоҷнакарда, эҳтиёҷи оилаҳои бефарзанд ба кӯдак, набудани асоси мукаммали ҳуқуқӣ барои пешгирии кӯдакфурӯшӣ аз ин ҷумла мебошанд.
Ҳоҷибоева гуфт, ки соли 2020 ҷиноятҳои одамфурӯшӣ нисбат ба соли 2012 6 баробар коҳиш ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ